Савол № 01474
Оё дар шаб нохун гирифтан, мӯи сар кӯтоҳ кардан ё тарошидан ягон хосияти бад дорад?
Савол:
Ассалому алайкум устод. Оё дар шаб нохун гирифтан, мӯи сар кӯтоҳ кардан ё тарошидан ягон хосияти бад дорад?
Саволдиҳанда: Иззатулло
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, гирифтани нохун ва тарошидан ё кӯтоҳ кардани мӯи сар вақти муайян надорад, ҳама вақт, хоҳ шаб ва хоҳ рӯз дуруст аст ва ягон хосияти бад надорад. Албатта ин амал дар рӯзи ҷумъа хуб аст, зеро ин рӯз рӯзи иҷтимоъ ва баргузор шудани намози ҷумъа мебошад ва риояи назофату покӣ амри матлуб ва писандида маҳсуб мешавад.