Савол № 01475
Ман якчанд рӯз мешавад, ки ба сомонаи шумо пайваст шудам. Агар шахсе муддати зиёд ба мо бадӣ кунад, ӯро боз ҳурмат кунӣ, то ки дар дилаш меҳре пайдо шавад, аммо бефоида, дар ин сурат чӣ кор бояд кард?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Ман якчанд рӯз мешавад, ки ба сомонаи шумо пайваст шудам. Агар шахсе муддати зиёд ба мо бадӣ кунад, ӯро боз ҳурмат кунӣ, то ки дар дилаш меҳре пайдо шавад, аммо бефоида, дар ин сурат чӣ кор бояд кард?
Саволдиҳанда: Амина
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Хоҳари азиз, вазифаи мусулмон анҷом додани корҳои нек аст, ҳарчанд ки дар ивазаш ба ӯ бадӣ кунанд. Нишонаи мӯъмини комил ҳамин аст, ки аз анҷом додани амали хайр монда нашавад. Шумо некӣ ва эҳтироматонро идома диҳед, зеро дар ивази он аҷру подош мегиред, ҳарчанд ки он шахс носипос бошад.