Савол № 01485

Ҳамсари ман дар ҳолати бемории нифос қарор дорад. Ӯ рӯзе аз ман хоҳиш кард, ки ҳамхоба шавем. Ман розӣ нашудам, вале бисёр исрор кард. Ман худамро бо дастам ҳаром кардам. Пас кадом корам хуб аст?

Савол:

Ассалому алайкум домулло. Ҳамсари ман дар ҳолати бемории нифос қарор дорад. Ӯ рӯзе аз ман хоҳиш кард, ки ҳамхоба шавем. Ман розӣ нашудам, вале бисёр исрор кард. Ман худамро бо дастам ҳаром кардам. Пас кадом корам хуб аст?

Саволдиҳанда: Абдураҳмон

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дини Ислом пайравони худро аз тамоми аҳволи шахсияшон бохабар кардааст. Хуб мешуд, ки ҳамсаратонро ҳам аз фармудаҳои Худованд огоҳ мекардед, чунки имрӯз тамоми аҳкоми шаръӣ бо хатти кириллӣ табъу нашр шудааст. Шумо аз кори ҳаром худдорӣ кардаед, зеро дар ҳолати нифос ҳамхоба шудан ҳаром аст, вале бо даст анҷом додани ин амал аз нигоҳи шариат мамнуъ ва гуноҳ маҳсуб шуда, анҷомдиҳандаи он зери лаънати Худованд қарор мегирад, аз ин рӯ, бояд тавбаву истиғфор намоед. 

2017-11-01
3338
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39