Савол № 01487

Оё равғани хук дар либос ё бадан расад, бенамоз мекунад ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё равғани хук дар либос ё бадан расад, бенамоз мекунад ё на?

Саволдиҳанда: Муҳаммадрасул

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Худованд дар Қуръони карим хукро палид ва нопок хондааст, чунонки мефармояд: “Бигӯ: «Дар миёни он чи ба сӯи ман ваҳй фиристода шудааст, ҳеҷ чизеро, ки хӯрдани он барои хӯранда ҳаром бошад, намеёбам, магар он ки мурдор бошад; ё хуни рехташуда; ва гӯшти хук, ки ҳар оина он нопок аст; ...”. (Сураи “Анъом”, ояти 145) Бинобар ин, равғани хук наҷасулайн буда, либос ва баданро бенамоз мекунад.

2017-11-01
3115
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39