Савол № 01498

Аллоҳ чанд сифат дорад?

Савол:

Ассалому алайкум домулло. Аллоҳ чанд сифат дорад? 

Саволдиҳанда: Саймуддин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, Худованд дорои сифатҳои зиёде аст, ки дар китобҳои ақида баён шудаанд. Аз ҷумлаи сифатҳои Худованд даҳ сифат аст, ки ҳар фарди мусулмон бояд онҳоро бидонад. Ин даҳ сифат ба ду қисм аст. ҳашт то сифати субутӣ ва ду то сифати салбӣ мебошад. Сифатҳои субутии Худованд инҳоянд: ҳаёт (зиндагонӣ), илм (доноӣ), қудрат (тавоноӣ), калом (гӯёӣ), самъ (шунавоӣ), басар (биноӣ), ирода (хоҳоӣ, дорои ихтиёри комил) ва таквин (офаридгорӣ). Сифатҳои салбӣ инҳоянд: Ягонагӣ (яъне бешарику бемонанд аст) ва покӣ (яъне аз ҳама айбу нуқсон пок аст). Барои огоҳии бештар оиди ин масъала ба китоби “Таълими Ислом”, ки дар бахши “Китобхона”-и сомона мавҷуд аст, муроҷиат кунед. 

2017-11-08
5873
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42