Савол № 00015

Дар сураи «Тавба» аз кадом оят то кадом оят бе «Бисмиллоҳ» хонда мешавад?

Савол:

Домулои муҳтарам, ба мо муайя намоед, ки сураи «Тавба» аз кадом оят то кадом оят бе «Бисмиллоҳ» хонда мешавад ва аз кадом оят оғоз кардан бо «Бисмиллоҳ»  хонда мешавад?

Саволкунанда: Қурбон

Ҷавоб:

Дар ибтидои тиловати Қуръон «Аузубиллоҳ» ва «Бисмиллоҳ» гуфта мешавад, вале дар аснои тиловати Қуръон ҳар гоҳ сурае ба поён расад ва сураи дигар оғоз гардад, дар ибтидои сураи ҷадид фақат «Бисмиллоҳ» гуфта мешавад. Ба истиснои сураи «Тавба» (Бароат) қорӣ ёангоми тиловати Қуръон дар ибтидои он «Бисмиллоҳ» намегӯяд.
Аммо агар тиловат аз аввали сураи «Тавба» шуруъ шавад, ҳатто «Аузубиллоҳ» ва «Бисмиллоҳ»  хонда мешавад.
(Маъорифул-Қуръон  ҷ.1,  с. 85)

 

2015-02-11
5262
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:43
Пешин12:40
Аср15:12
Шом17:08
Хуфтан18:38