Савол № 00151

Бо як рафиқам дар бобати вақти хондани намози шом ва хуфтан баҳсе шуд ва аз Шумо илтимос доштам, ки ба он доварӣ кунед.

Савол:

Ассалому алайкум! Бо як рафиқам дар бобати вақти хондани намози шом ва хуфтан баҳсе шуд ва аз Шумо илтимос доштам, ки ба он доварӣ кунед. Ман исрор намудам, ки дар тақвимҳо омадааст,барои гуфтани азон аст,вале намозро метавонӣ баъди кушодани рӯза ва истеъмоли хӯрок бихонӣ, то ба вақти фаро расидани хуфтан, вале рафиқи ман исрор мекунад, ки баъди гуфтани азон ҳатман қомат гуфта, намози шомро бихонӣ. Дар масъалаи вақти намози хуфтан ман аз рӯи хондаҳоям мегӯям, ки он баъд аз тамом шудани сурхии офтоби ғуруб рафта медарояд, вале рафиқи ман мегӯяд, ки ҳатман баъд аз гузаштани як соату 20 дақиқа баъди шом бояд хуфтан хонда шавад. Саволдиҳанда:Хайридин.

Ҷавоб:

Шумо метавонед баъди азони шомф рӯзаро кушода, якчанд луқма тановул намоед, сипас намозро бо хотири ҷамъ бихонед. Аз ин зиёд намози шомро таъхир кардан ҷоиз нест. Намози хуфтанро бошад, метавонед пас аз тамом шудани шафақ, яъне тақрибан ҳудуди 1 соат ё 1 соату 10 дақиқа пас аз аз намози шом то сеяки шаб бигузоред. (Шарҳи «Мухтасарул-виқоя», ҷ. 2, с. 90-91).

2015-07-02
5235
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44