Савол № 01530
Истеъмол кардани доруҳое, ки дар таркибашон моддаи ҳаром доранд, ҷоиз аст?
Савол:
Ассалому алайкум домулло. Истеъмол кардани доруҳое, ки дар таркибашон моддаи ҳаром доранд, ҷоиз аст?
Саволдиҳанда: Ҷамолиддин
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, истеъмоли доруҳое, ки бо ашёи ҳаром махлутанд, мамнуъ аст, агар ғайр аз он дигар даво ёфт нашавад, бо роҳнамоии табиби ҳозиқ истифодаи чунин доруҳо ба қадри зарурат мубоҳ мегардад. (“Фатовои Қозихон”, ҷ. 4, с. 365)