Савол № 00154

Маънои ширк ва куфр чист ва чӣ тафовут доранд. Бо эҳтиром, шаҳрванд Абдураҳим, аз ноҳияи Масчоҳ.

Савол:

Маънои ширк ва куфр чист ва чӣ тафовут доранд. Бо эҳтиром, шаҳрванд Абдураҳим, аз ноҳияи Масчоҳ.

Ҷавоб:

Ширк дар луғат баробар кардани махлуқ ба Худованд аст, дар истилоҳи шариъат баробар кардани махлуқ бо Худованд дар номҳо, афъол ва аҳкомаш аст. Худованд дар ояти 110-уми сураи «Каҳф» мефармояд:

«Пас, ҳар ки мулоқоти Парвардигори худро умед дорад, бояд ки кори писандида бикунад ва дар ибодати Парвардигори хеш ҳеҷ касро шарик наорад».

Манъ аз ширки дар ибодат асли даъвати анбиё (а) мебошад. Ширк бар ду навъ аст: Ширки акбар ва ширки асғар. Аз ҷумлаи ширки акбар, монанди саҷда кардан ё назр кардан барои ғайри Аллоҳ таъоло. Ширки асғар, монанди риё, сумъа ва уҷб, яъне худбинӣ, худситоӣ.

Куфр дар луғат ба маънои пӯшонидан аст ва дар истилоҳи шаръ инкор кардани яке аз заруриёти дин ё инкор кардани ҳамаи он чизе, ки имон овардан ба он воҷиб аст. Куфр ба тамоми навъҳояш зидди имон аст, ба хилофи ширк, ки гоҳе бо имон ҷамъ мешавад, мисли ширки асғар ё ширки хафӣ.

2015-07-05
7372
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43