Савол № 01545

Чигуна шахс метавонад аз нӯшокиҳои спиртӣ наҷот ёбад? Ишқ дар Ислом чӣ маъно дорад? Каме дар бораи он маълумот медодед.

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Чигуна шахс метавонад аз нӯшокиҳои спиртӣ наҷот ёбад? Ишқ дар Ислом чӣ маъно дорад? 2. Каме дар бораи он маълумот медодед.

Саволдиҳанда: Амина

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Хоҳари азиз, барои наҷот ёфтан аз нӯшокиҳои спиртӣ аввалан огоҳӣ доштан аз зарарҳои ин навъ нӯшокиҳо зарур аст, сониян бояд эътиқод дошт, ки ҳар он чизеро Худованд ҳаром кардааст, дар он ҳеҷ нафъе барои инсон вуҷуд надорад, зеро инсон ва тамоми мавҷудотро Худованд офаридааст ва Ӯ ба аҳволи офаридаҳояш огоҳ аст. Вақте ки шахси мубтало ба ин падидаи номатлуб аз зарарҳои шароб огоҳ шуд ва барои наҷот аз он тасмими қатъӣ гирифта аз Худованд ёрӣ хост, умед аст, ки аз ин беморӣ раҳо меёбад ва барои расидан ба камоли инсонӣ роҳёб мегардад. 2. Ишқ ва дӯст доштан аз сиришт ва табиати башарӣ аст ва инсонро дар он ҳеҷ ихтиёре нест, муҳим он аст, ки инсон ба хоҳишоти нафсонии худ пайравӣ накунад ва ҳар чиро, ки шариат манъ кардааст, худро аз он нигоҳ дорад. Бояд мусулмон муҳаббат ва тарси Худоро дар қалбаш ҷой кунад, дар ин сурат ба ҳеҷ гуна муҳаббати нокомкунанда мубтало нахоҳад шуд. Аз нигоҳи дини Ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан 

2017-11-30
5000
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:37
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:10
Хуфтан18:40