Савол № 01550

Бисёр вақт ҳангоми хӯрдани ягон таъом гуфтани “Бисмиллоҳ” фаромӯш мешавад. Оё он луқмаи хӯрдашуда ҳалол аст ё ҳаром?

Савол:

Ассалому алайкум. Бисёр вақт ҳангоми хӯрдани ягон таъом гуфтани “Бисмиллоҳ” фаромӯш мешавад. Оё он луқмаи хӯрдашуда ҳалол аст ё ҳаром?

Саволдиҳанда: Баҳром

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, гуфтани “Бисмиллоҳ” дар вақти хӯрдани таъом суннат аст, агар саҳван фаромӯш шавад, боке надорад ва ба сабаби фаромӯш шудани “Бисмиллоҳ” ҳаргиз луқма ҳаром намешавад. Агар касе дар оғози хӯрдани таъом гуфтани “Бисмиллоҳ”-ро фаромӯш кард ва дар аснои хӯрдан ба ёдаш омад, “Бисмиллоҳи аввалаҳу ва охираҳу” гӯяд, суннат ба ҷо меояд. Модари мӯъминон Оиша (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ҳар гоҳ яке аз шумо ба хӯрдани хӯрок оғоз кунад, «Бисмиллоҳ» бигӯяд ва агар фаромӯш кард, пас «Бисмиллоҳи аввулаҳу ва охираҳу» бигӯяд».

2017-12-06
3533
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39