Савол № 01553

Ман дар хобам ҳазрати Абӯбакр (р)-ро дидам, ки дар суффае нишаста буд ва чанд нафар одамон дар наздаш буданд. Ҳазрати Абӯбакр (р) чизе мегуфт ва дар танаш пероҳани фарсуда ва дарида дошт. Ман бошам дар болои асп бо дӯстам қарор доштам ва дар тани ман либоси сафед буд.

Савол:

Ассалому алайкум. Ман дар хобам ҳазрати Абӯбакр (р)-ро дидам, ки дар суффае нишаста буд ва чанд нафар одамон дар наздаш буданд. Ҳазрати Абӯбакр (р) чизе мегуфт ва дар танаш пероҳани фарсуда ва дарида дошт. Ман бошам дар болои асп бо дӯстам қарор доштам ва дар тани ман либоси сафед буд. Аз дур ҳазрати Абӯбакр (р)-ро дидам ва ба наздаш рафта, аз пероҳанаш қапидам ва гиря кардам. Ногаҳон аз хоб бедор шудам, ки дар ҳақиқат гиря дорам. Таъбири ин хоб чӣ бошад?

Саволдиҳанда: Узайр

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар хоб дидани некон, хусусан саҳобаи киром хосияти нек дорад ва далели пайравӣ аз равиши онҳо ва покии ақидаи бинандаи хоб, инчунин нишонаи хайру муҳаббат, бародарӣ ва ваҳдату иттифоқ мебошад. Шумо метавонед намози нофила хонда, аз Худованд хайри онро талаб кунед.

2017-12-06
3651
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39