Савол № 00156

Тавҳид чанд қисм аст?

Савол:

Тавҳид чанд қисм аст? Аҳмад аз н. Вахш.

Ҷавоб:

Навъҳои тавҳид назди аксари мутакаллимин бар се қисм аст:

1. Ҳасри воҷибул-вуҷуд дар Худованд, яъне вуҷуди Худованд, ибтидо ва интиҳо надорад, вуҷудаш аз нафсашаст, воҷибул-вуҷуд- танҳо Худованд, дигар мавҷудот ҷоизул-вуҷуд аст, яъне вуҷудашон ибтидо ва интиҳо дорад.

2. Ҳасри холиқият дар Худованд- яъне холиқ танҳо зоти Аллоҳ (ҷ) аст, ғайр аз Аллоҳ дигар ҳеҷ холиқе вуҷуд надорад.

3. Ҳасри маъбудият дар Худованд- яъне маъбуди барҳақ, танҳо зоти Аллоҳ аст, ғайр аз ӯ дигар маъбуде вуҷуд надорад, ки сазовори ибодат бошад.

2015-07-05
5037
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43