Савол № 01561
Дар бораи толеънома чӣ мегӯед? Оё он дуруст аст?
Савол:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Дар бораи толеънома чӣ мегӯед? Оё он дуруст аст?
Саволдиҳанда: Муслиҳиддин
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, матолибе, ки дар толеънома навишта мешавад, аз воқеъият дур аст ва ҳақиқат надорад, зеро илми ғайб хоссаи Худованд аст. Инсон бояд ба тақдир имон дошта бошад ва ҳамаро аз муқаддароти илоҳӣ бидонад, на аз толеънома. Ҳамеша бо зикру дуову дуруд бошад ва барои расидан ба орзуи худ ҷидду ҷаҳд намояд, иншоаллоҳ комёб мешавад.