Савол № 00157
Нияти дурусти намози таровеҳ кадомаш аст: “Ният кардам бигузорам ду ракъат намози таровеҳ...” ё “ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ...
Савол:
Салом. Худованд дар моҳи Рамазон ба мову Шумо саввоби зиёдаеро ато гардонад. Савол доштам.
1. Нияти дурусти намози таровеҳ кадомаш аст: “Ният кардам бигузорам ду ракъат намози таровеҳ...” ё “ният кардам бигузорам ду ракъат суннати намози таровеҳ...”.
2. Тулуъи офтоб, қиёми рӯз ва ғуруби офтоб чӣ гуна муайян карда мешавад. Байни намозҳо камаш чӣ қадар бояд фосилаи вақт бошад. Ташаккур! Илтимос зудтар посух диҳед.
Саволдиҳанда:Самад.
Ҷавоб:
1. Тарзи дурусти нияти намози таровеҳ чунин аст: “Ният кардам бигузорам ду ракъат суннати таровеҳ...”, зеро хондани намози таровеҳ барои ҳамаи уммати Ислом хоҳ мард бошад, хоҳ зан, суннат аст ва он ба амали Пайғамбар (с) ва иҷмоъи саҳобагон собит шудааст. Расули Худо (с) фармудаанд: “Лозим аст бар шумо иқтидо ба суннати ман ва суннати хулафои рошидин”.
2. Дар вақти тулуъ, қиём ва ғуруби офтоб хондани ҳама гуна намоз ҷоиз нест, ба ҷуз намози асри ҳамон рӯз, ки дар вақти ғуруб ҷоиз аст. Байни намозҳо вақти фосила вуҷуд надорад, яъне вақти як намоз гузашт, вақти намози дигар дохил мешавад, лекин ҳар намозе вақтҳои мустаҳаб, макруҳ ва вақти мубоҳ доранд. Фақат дар байни намози бомдод ва пешин фосила вуҷуд дорад, яъне вақти намози бомдод гузашт, то завол фосила аст ва пас аз завол вақти пешин оғоз мешавад.