Савол № 01571

Ранг кардани мӯи сар (истифода аз ранг ё ҳино) барои занон дуруст аст? Магар зан метавонад барои зебо намудани худ ба хотири шавҳараш мӯйҳояшро ранг кунад?

Савол:

Ассалому алайкум. Ранг кардани мӯи сар (истифода аз ранг ё ҳино) барои занон дуруст аст? Магар зан метавонад барои зебо намудани худ ба хотири шавҳараш мӯйҳояшро ранг кунад? 2. Китоби “Қасас-ул-анбиё”-ро аз бахши “Китобхона” наёфтам. Метавонед китоби мазкурро дар китобхона гузоред? Ташаккур.

Саволдиҳанда: Ҷамшед

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, ранг кардани мӯйи сар бо ҳино барои занон ҷоиз аст, вале ранги сиёҳ макрӯҳ аст. 2. Нусхаи электронии китоби мазкурро дар даст надорем, дар сурати дастрас шудан онро дар бахши “Китобхона” ворид хоҳем кард.

2017-12-21
3317
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39