Савол № 01575

Оё рӯзи шанбе сар шустан мумкин аст? Баъзе одамон, бештар занон мегӯянд, ки шустан мумкин нест.

Савол:

Ассалому алайкум. Оё рӯзи шанбе сар шустан мумкин аст? Баъзе одамон, бештар занон мегӯянд, ки шустан мумкин нест.

Саволдиҳанда: Маъруф

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар давоми ҳафта як бор шустани сару тан бар ҳар фарди мусулмон лозим аст, анҷом додани ин амал дар рӯзи ҷумъа беҳтар аст. Шустушӯ кардан дар рӯзи шанбе ҳеҷ монеъе надорад, он чи дар ин маврид мегӯянд, ҳеҷ асоси шаръӣ надорад, зеро назофату покӣ аз ҷумлаи талаботи ҳатмии шариат аст. 

2017-12-21
3455
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:41
Пешин12:40
Аср15:13
Шом17:09
Хуфтан18:39