Савол № 01580

Дар биҳишт бо кадом забон сухан мегӯянд? 2. Чанд пайғамбар вуҷуд доштааст?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. 1. Дар биҳишт бо кадом забон сухан мегӯянд? 2. Чанд пайғамбар вуҷуд доштааст?

Саволдиҳанда: Фарзона

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Хоҳари азиз, ин масъала аз ҷумлаи умури ғайбӣ аст ва онро танҳо Худованд медонад. 2. Тибқи як ривоят теъдоди пайғамбарон 124 ҳазор ва ба ривояти дигар 224 ҳазор нафар аст, ки аз инҳо 313 нафарашон расул ҳастанд. Вале беҳтар ин аст, ки дар ин масъала адади муайян зикр нашавад, зеро Худованд мефармояд: «Аз онҳо касоне ҳастанд, ки қиссаашонро бар ту хондаем ва аз онҳо касоне ҳастанд, ки қиссаашонро бар ту нахондаем». («Ғофир», 78)

2017-12-27
4360
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:24
Пешин12:40
Аср17:57
Шом19:53
Хуфтан21:23