Савол № 01588

Маънои номи “Меҳрилло”-ро мегуфтед.

Савол:

Ассалому алайкум. Маънои номи “Меҳрилло”-ро мегуфтед.

Саволдиҳанда: Меҳрилло

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, баъзе нафарон ба пайравӣ аз номҳои Абдуллоҳ, Сайфуллоҳ ва амсоли он ба фарзандонашон номи Меҳрилло ё Меҳрулло низ мегузоранд, вале огоҳ нестанд, ки ин таркиби изофӣ ғалат аст, чунки калимаи “меҳр” вожаи тоҷикӣ буда, изофа кардани он ба лафзи “Аллоҳ” нодуруст аст. Бинобар ин, шумо номи худро ислоҳ кунед ва номи дуруст ва муносибе ҳамчун Меҳрубон, Муҳиббуллоҳ ё Ҳабибуллоҳ барои худ интихоб намоед.

2017-12-29
3393
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:25
Пешин12:40
Аср17:56
Шом19:52
Хуфтан21:22