Савол № 01602
Оё вақти кандани қабр аз рӯи намуди хоки баромада (омехта бо санг ё қум ё дигар) чигуна будани мурдаро дар ҳаёташ фаҳмидан мумкин аст? Ягон тафсир дорад?
Савол:
Ассалому алайкум. Оё вақти кандани қабр аз рӯи намуди хоки баромада (омехта бо санг ё қум ё дигар) чигуна будани мурдаро дар ҳаёташ фаҳмидан мумкин аст? Ягон тафсир дорад?
Саволдиҳанда: Абдуҳамид
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз рӯи намуди хок неку бади инсон фаҳмида намешавад, чунки бисёр инсонҳои неке буданд, ки дар об ғарқ шуданд ё дар оташ сӯхта рафтанд. Нишонаи некии мӯъмин дар имон ба Парвардигору амали солеҳ ва некию накӯкориаш мебошад, на чизи дигар.