Савол № 01605
Ман имсол мехоҳам ҳамроҳи писарчаи панҷсолаам ба ҳаҷ равам. Оё рафтани ман аз нигоҳи шариат дуруст аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Ман имсол мехоҳам ҳамроҳи писарчаи панҷсолаам ба ҳаҷ равам. Оё рафтани ман аз нигоҳи шариат дуруст аст?
Саволдиҳанда: Вилоят
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ барои зан дар сафари ҳаҷ ҳамроҳ будани маҳрам шарт аст, аз сабаби он ки писарчаи шумо ба сунни булуғ нарасидааст, бародар ё ягон маҳраматон бояд шуморо ҳамроҳӣ кунад.