Савол № 01607
1. Дар ҳаммом сура гўш кардан ҷоиз аст? 2. Агар шахси наздикатро дар кўча дида, худро нодида вонамуд кунӣ, дурўғ ҳисоб мешавад? 3. Дуои пас аз азон ва баъд аз тиловатро нависед.
Савол:
Ассалому алайкум. 1. Дар ҳаммом сура гўш кардан ҷоиз аст? 2. Агар шахси наздикатро дар кўча дида, худро нодида вонамуд кунӣ, дурўғ ҳисоб мешавад? 3. Дуои пас аз азон ва баъд аз тиловатро нависед.
Саволдиҳанда: Алӣ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, хондан ва гўш кардани Қуръон дар ҳаммом ҷоиз нест. 2. Ин амал беэҳтиромӣ нисбат ба он шахс ва кори дурўғ ба ҳисоб меравад. 3. Дуои пас аз азон чунин аст: “Аллоҳумма Рабба ҳозиҳид-даъватит-томмати вас-салотил-қоима, оти Муҳаммадан ал-василата вал-фазила вабъасҳу мақоман маҳмуданиллазӣ ваъадтаҳу варзуқно шафоъатаҳу явмал-қиёмати, иннака ло тухлифул-миъод”. Тарҷума: Худовандо, эй Парвардигори ин нидои комил ва ин намози барпошуда, ба Муҳаммад (с) васила ва бузургворӣ ато фармо ва ўро ба он ҷойгоҳ ва мақоми ситудае, ки барояш ваъда додаӣ, мабъус бирасон, ба ростӣ Ту ваъдаи хешро хилоф нахоҳӣ кард.
Дуои пас аз тиловат чунин аст: «Аллоҳумма наввир қулубано бил-Қуръон ва заййин ахлоқано бил-Қуръон ва наҷҷино минан-нори бил-Қуръон ва адхилнал-ҷанната бил-Қуръон. Раббанағфир лано ва лиихвониналлазина сабақўно бил-имон ва ло таҷъал фӣ қулубино ғиллал-лиллазина оманў, Раббано иннака Ғафурур-Раҳим бираҳматика ё Арҳамар-роҳимин».
Худовандо! Қалбҳои моро бо нури Қуръон мунаввар бигардон, ахлоқи моро бо зинати Қуръон музайян бигардон, моро ба шарофати Қуръон аз азоби дўзах бираҳон ва ба каромати Қуръон моро дохили биҳишт бигардон. Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кина пайдо макун. Парвардигоро! Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ, умед аз раҳмати Ту дорем, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон. Барои маълумоти бештар шумо аз бахши китобхонаи сомона китоби «Нақши дуо дар зиндагии инсон»-ро мутолиа намоед.