Савол № 00161

Дар давоми сол дар кадом рӯзҳо рӯза доштан макрӯҳ аст?

Савол:

Салом. Дар давоми сол дар кадом рӯзҳо рӯза доштан макрӯҳ аст? Раҳмати Худованд ба Шумо.

Саволдиҳанда:Абдукарим.

Ҷавоб:

Рӯзаҳои макруҳ инҳоянд:

1) як рӯз ё ду рӯз пеш аз моҳи Рамазон;

2) дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон ва дар рӯзҳои ташриқ (яъне се рӯзи баъд аз иди Қурбон);

3) рӯзаи висол, яъне ду рӯзро бо ҳам васл намуда, пайдарпай рӯза доштан ва дар байни онҳо ифтор накардан;

4) рӯзаи самт (хомӯшӣ), яъне рӯза мегирад, ки хомӯш меистад ва ҳеҷ сухане намегӯяд. Ин навъи рӯза дар дини Ислом ибодат ба ҳисоб намеравад.

5) рӯзаи даҳр, яъне дар тӯли сол ҳар рӯз рӯза гирифтан, зеро чунин навъи рӯза шахси рӯзадорро заъифу нотавон намуда, ба саломатии ӯ зарар дорад.

2015-07-10
5157
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:05
Пешин12:40
Аср15:16
Шом17:14
Хуфтан18:44