Савол № 01614
Дини Ислом барои зиёд намудани қуввати мардина чӣ тавсия медиҳад? Як гурўҳ ғарибони дур аз Ватан ҷавоби шуморо интизорем.
Савол:
Ассалому алайкум домуллои азиз. Дини Ислом барои зиёд намудани қуввати мардина чӣ тавсия медиҳад? Як гурўҳ ғарибони дур аз Ватан ҷавоби шуморо интизорем.
Саволдиҳанда: Абдулло
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, асоси ин кор тақво аст, зеро ҳар қадаре тақвои инсон зиёд шавад, ҳамон қадар қувваи мардинаи ў зиёд мешавад. Истеъмоли даво барои зиёд шудани қувваи мардина боке надорад, ба шарте ки ба саломатӣ зарар надошта бошад.