Савол № 01625
Оё закот додан ё хайр кардан ба эшонзодаҳо ҷоиз аст?
Савол:
Ассалому алайкум домулло. Оё закот додан ё хайр кардан ба эшонзодаҳо ҷоиз аст?
Саволдиҳанда: Ҷамолиддин
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, садақа ду навъ мешавад: Фарз ва нофила. Додани садақаи нофила ба тамоми қишри ҷомеа дуруст аст, вале садақаи фарз масорифи хос дорад, ки дар сураи “Тавба” баён шудааст. Худованд мефармояд: “Ҷуз ин нест, ки садақаҳо барои фақирон ва бенавоён ва коркунон бар ҷамъи садақот; ва онон, ки дилҳояшон улфат дода мешавад ва барои харҷ кардан дар озодии бардаҳо ва барои вомдорон ва барои харҷ кардан дар роҳи Худо ва барои мусофирон аст; [ва он] ҳукми собитшуда аз назди Худо аст. Ва Худо Донои Дурусткор аст”. (Сураи “Тавба”, ояти 60)