Савол № 01635

Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки дуои сари дастархон, дуоҳо барои зиёрати қабристон, сафар, таъзия ва аёдати беморро бо забони тоҷикӣ менавиштед.

Савол:

 Ассалому алайкум. Аз Шумо хоҳиш мекунам, ки дуои сари дастархон, дуоҳо барои зиёрати қабристон, сафар, таъзия ва аёдати беморро бо забони тоҷикӣ менавиштед.

Саволдиҳанда: Баҳром

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дуоҳои мазкур ва тарҷумаи онҳо чунин аст:

Дуои дастархон: «Алҳамду лиллоҳиллазӣ атъаманӣ ҳозо ва разақаниҳи мин ғайри ҳавлин миннӣ ва ло қувва».

Ситоиш Худоеро, ки маро хўроку рўзӣ дод, бидуни ин ки ман зўру қудрати онро дошта бошам.

Дуои сафар: «Аставдиъуллоҳа динака ва амонатака ва охира амалика».

Динат, амонатат ва охири коратро ба Худованд месупорам.

Дуои таъзия: «Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун».

Мо аз они Худоем ва ба сўи ў хоҳем бозгашт.

«Инно лиллоҳи мо ахаза ва лаҳу мо аъто ва куллун ъиндаҳу биаҷалин мусаммо, фалтасбир валтаҳтасиб».

Аз Худост он чи гирифта ва аз они Ўст он чи боқӣ гузошта ва ҳар чизе назди Ў дорои тақдир ва сарнавиште муайян аст, пас сабр кун ва аз назди Худованд подоши аҷр ба даст овар.

Дуои аёдати бемор: «Ло баъса таҳурун иншоаллоҳ».

Ғамгин машав, ин беморӣ иншоаллоҳ поккунандаи гуноҳон аст.

«Асъалуллоҳал-Ъазим, Раббал-ъаршил-ъазим ан яшфияк».

Аз Худои бузург, Парвардигори арши азим хоҳонам, ки туро шифо диҳад.

2018-02-02
15091
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42