Савол № 01650

Оё дар ҷаннат шаб ҳаст ё на?

Савол:

Оё дар ҷаннат шаб ҳаст ё на?

Саволдиҳанда: Абдулазиз

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, шабу рўз ба тулуъ ва ғуруби офтоб вобаста аст, аммо дар ҷаннат ин падида вуҷуд надорад. Худованд дар бораи аҳли ҷаннат мефармояд: “Он ҷо бар тахтҳо такя зада бошанд, он ҷо (гармии) офтоб ва сармои тундро набинанд”. (Сураи “Инсон”, ояти 13) Муфассирон дар зимни тафсири ин оят фармудаанд, ки ҳавои ҷаннат муътадил буда, аҳли он ба офтобу моҳ ниёзе надоранд, зеро ҷаннат аз нури арш равшан аст.

2018-02-15
5612
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42