Савол № 01657
Номҳои ҷаннат чандто аст ва дар кадом оятҳои Қуръон омадааст?
Савол:
Ассалому алайкум. Номҳои ҷаннат чандто аст ва дар кадом оятҳои Қуръон омадааст?
Саволдиҳанда: Исмоил
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҷаннат номҳои зиёде дорад, ки ҳам дар Қуръони карим ва ҳадисҳои набавӣ зикр шудаанд. Ин ҷо бархе аз номҳои ҷаннатро, ки дар Қуръон омадааст, бо зикри сураҳо ва рақами оятҳояш меорем. 1. Ҷаннат. (Марям, 63; Аъроф, 43). 2. Доруссалом. (Анъом, 127). 3. Ҷаннатулхулд. (Фурқон, 15). 4. Дорулмуқома. (Фотир, 35). 5. Дорулҳайавон. (Анкабут, 64). 6. Ҷаннатулмаъво. (Наҷм, 15). 7. Мақоми амин. (Духон, 51) 8. Ҷанноти адн. (Марям, 61). 9. Ҷаннотуннаъим. (Луқмон, 8). 10. Фирдавс. (Мӯъминун, 10-11). 11. Мақъади сидқ. (Қамар, 54-55).