Савол № 01658

Устоди азиз, дидани шамшер ва набард бо саҳобагон, махсусан бо Абӯбакри Сиддиқ (р) ва дар ҷамъи онҳо будан, инчунин сиёҳпӯш будани онҳо чӣ маъно дорад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Устоди азиз, дидани шамшер ва набард бо саҳобагон, махсусан бо Абӯбакри Сиддиқ (р) ва дар ҷамъи онҳо будан, инчунин сиёҳпӯш будани онҳо чӣ маъно дорад? 2. Дар ҳадис омада, ки Расули Худо (с) чунин гуфтанд: “Се тоифа мардум ҳастанд, ки Худованд ба онҳо назар намекунад, онҳоро пок намегардонад ва барои онҳо азоби дарднок аст. Аввал он касе, ки аз рӯи кибру ғурур либосашро аз буҷули пой дароз карда мегардад”. Оё ин ҳукм ба ҷуз дохили намоз беруни намозро ҳам дар бар мегирад? Буҷули пой кадом қисмати он аст?

Саволдиҳанда: Дилшод

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дидани шамшер дар хоб ба фарзанди писар ва агар дар ғилоф бошад, ба фарзанди духтар далолат мекунад. Дидани саҳобагон дар хоб ба хайру муҳаббат, бародарӣ, ваҳдату иттифоқ ва густариши илм далолат дорад. 2. Пӯшидани либосе, ки аз буҷули пой дарозтар бошад, дар намоз ва ғайри намоз макрӯҳ аст, ба шарте ки аз рӯи кибру ғурур пӯшида шавад. Буҷули пой ҳамон ду устухони барҷаста аст, ки дар пайвандгоҳи устухони соқ ва қадам қарор дорад. Агар шумо аҳли мутолиа ҳастед, роҷеъ ба ин мавзӯъ ба китобҳои ҳадису фиқҳ ва фатво назар кунед, ҷавоби муфассал хоҳед ёфт.

2018-02-23
3164
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39