Савол № 00166

Ҳангоми дар дохили намоз хондани ояте, ки дар он саҷдаи тиловат аст, саҷдаи тилвоат адо крада мешавад ва чӣ гуна?

Савол:

Рахмати парвардигор ба Шумо, ки ба саволхои сершумори мо посух медихед.Ҳангоми дар дохили намоз хондани ояте, ки дар он саҷдаи тиловат аст, саҷдаи тилвоат адо крада мешавад ва чӣ гуна?Ташаккур.

Саволдиҳанда:Абдукарим.

Ҷавоб:

Агар ояти саҷда дар охири сура ва ё қариб ба охири сура бошад, ҳангоми ба рукуъ рафтан дар дил нияти саҷдаи тиловат мекунад, пас ҳамон рукуъи намоз ҷои саҷдаи тиловатро низ мегирад. Агар ояти саҷда дар миёнаи сура бошад, пас баъди қироати он такбир гуфта, як саҷдаи бе рукуъ мекунад ва такбиргӯён бархоста, қироатро идома медиҳад. Агар дар намоз саҷдаи тиловатро хонда, саҷда накард, онро берун аз намоз қазо намедорад. (“Фиқҳи муяссар”, с. 160-164).

2015-07-20
4773
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:06
Пешин12:40
Аср15:30
Шом17:27
Хуфтан18:57