Савол № 01668

Ҳангоми дидани моҳи нав занон дуо ба сўяш мекунанд, ки барори кору дигар ниёзҳояшонро ба ҷо оварда бошад. Оё ин дуруст аст?

Савол:

Ҳангоми дидани моҳи нав занон дуо ба сўяш мекунанд, ки барори кору дигар ниёзҳояшонро ба ҷо оварда бошад. Оё ин дуруст аст?

Саволдиҳанда:Муҳаммадюсуф

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, дар ҳадисҳои набавӣ омадааст, ки Расули Худо (с) ҳар гоҳ моҳи навро медиданд, ин дуоро мехонданд:

 «Аллоҳумма аҳиллаҳу аълайно бил-юмни вал-имони вас-саломати вал-ислом. Раббӣ ва Раббукаллоҳ». Тарҷума: Худовандо! Ин моҳро барои мо сабаби баракат, имон, саломатӣ ва пирўзии Ислом бигардон. Эй моҳ! Парвардигори ману ту Аллоҳ аст. Бинобар ин, дар вақти дидани моҳи нав хондани дуои мазкур ва талаб кардан ниёзҳои худ аз Худованд суннат аст. Аммо талаб кардани ҳоҷат аз моҳ мухолифи дастуроти шариат ва ҷурми сангин аст.  

2018-03-02
3471
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39