Савол № 01673

Оё додани закот ба падару модари ҳамсар, яъне ба хусуру хушдоман ҷоиз аст? Дар бораи закот маълумот медодед. Имсол нисоби закот чӣ қадар аст?

Савол:

Ассалому алайкум. Оё додани закот ба падару модари ҳамсар, яъне ба хусуру хушдоман ҷоиз аст? Дар бораи закот маълумот медодед. Имсол нисоби закот чӣ қадар аст?

Саволдиҳанда:Дониёр

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, закот яке аз рукнҳои панҷонаи Ислом аст ва он иборат аз пардохти ҳиссаи муайяни пул ё мол ба ашхоси ниёзманд аст. Нисоби закоти имсола ба 22950 сомонӣ баробар мебошад, ки аз он 575 сомонӣ ҳамчун закот пардохт карда мешавад. Тибқи мазҳаби Имоми Аъзам (р) ба волидайн, ҳамсар ва фарзандону наберагони худ закот додан дуруст нест, аммо пардохти закот ба хусуру хушдоман, дар сурате ки фақир бошанд, ҷоиз аст.

2018-03-09
5360
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43