Савол № 01686
Ҳадисе, ки дар бораи нард ворид шудааст, мегӯянд, ки ҳадиси заъиф аст. Моли ғайри мусулмонро хӯрда бошӣ, вале соҳиби он алҳол мавҷуд нест, он молро чигуна бояд адо кард?Дар манзиле, ки баъзе ҳиссаи молаш аз ҳаром ва баъзе дигараш аз ҳалол аст, намоз гузоридан Ҷоиз аст?
Савол:
Ассалому алайкум устод. 1. Ҳадисе, ки дар бораи нард ворид шудааст, мегӯянд, ки ҳадиси заъиф аст. 2. Моли ғайри мусулмонро хӯрда бошӣ, вале соҳиби он алҳол мавҷуд нест, он молро чигуна бояд адо кард? 3. Дар манзиле, ки баъзе ҳиссаи молаш аз ҳаром ва баъзе дигараш аз ҳалол аст, намоз гузоридан Ҷоиз аст? 4. Вазелин чӣ ҳукм дорад? 5. Тавба чанд шарт дорад?
Саволдиҳанда:Шодӣ
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, аввалан ба заъиф будани ин ҳадис бовар надорем, агар заъиф ҳам бошад, амал кардан ба ҳадиси заъиф Ҷоиз аст, магар дар боби ақида. 2. Агар моли ѓайри мусулмонро хӯрда бошед, бояд онро ба наздиконаш баргардонед, агар онҳоро наёбӣ, қимати онро садақа кунед. Агар пас аз садақа кардан соҳиби мол ё ягон нафари наздикаш пайдо шуд, бояд ба ӯ молро баргардонед. 3. Намоз гузоридан дар чунин манзил Ҷоиз аст. 4. Шумо тамѓаи вазелин аз назар гузаронед, агар дар таркиби он ягон моддаи ҳаром вуҶуд дошта бошад, аз истеъмоли он худдорӣ кунед. 5. Тавба се шарт дорад: 1. Аз гуноҳ пушаймон шавад. 2. Аз гуноҳ худдорӣ кунад. 3. Қасди бозгашт ба он гуноҳ накунад.