Савол № 01688
Ман бо шахсе шинос шудам ва бо ӯ муносибати хуб дорам. Бо ҳам вохӯрӣ карда сари як пиёла чой суҳбат мекунем. Баъд аз чанд вақт фаҳмидам, ки ӯ ба дини Исои масеҳ пайравӣ дорад. Оё дӯстии ман бо он шахс дуруст аст?
Савол:
Ассалому алайкум устоди меҳрубон. Ман бо шахсе шинос шудам ва бо ӯ муносибати хуб дорам. Бо ҳам вохӯрӣ карда сари як пиёла чой суҳбат мекунем. Баъд аз чанд вақт фаҳмидам, ки ӯ ба дини Исои масеҳ пайравӣ дорад. Оё дӯстии ман бо он шахс дуруст аст?
Саволдиҳанда:Исмоил
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, асли дини мубини Ислом дӯстӣ ва рафоқат аст, аз ин Ҷиҳат шумо бо он шахс рафоқат дошта бошед, вале хуб аст, ки оҳиста-оҳиста ӯро ба дини Ислом даъват намоед.