Савол № 01693

Саҳар аз хоб эҳтиломшуда бармехезам, фурсати ғусл кардан намеёбам, зеро ҳам ба намоз ва ҳам ба кор дер мемонам, оё дар ин ҳолат таҳорат карда намоз гузорам, ҷоиз аст?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Саҳар аз хоб эҳтиломшуда бармехезам, фурсати ғусл кардан намеёбам, зеро ҳам ба намоз ва ҳам ба кор дер мемонам, оё дар ин ҳолат таҳорат карда намоз гузорам, ҷоиз аст? 2. Ҳар бор дар хоб мебинам, ки ба зино наздик шуда истодаам, вале наздик намешавам, чун аз хоб бедор мешавам, эҳтилом шудаам. Қуръон мехонам, зикрҳоро мегўям, аммо боз ба ин мушкил гирифтор мешавам. Роҳи наҷот аз ин мушкил чист?

Саволдиҳанда:Алӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, пас аз эҳтилом бар инсон ғусл кардан фарз мегардад, аз ин рў, бо таҳорати танҳо намоз гузоридан ҳаргиз ҷоиз нест, агарчи бими қазо шудани намоз ё дер мондан ба кор вуҷуд дошта бошад. Бинобар ин, пас аз рух додани ин ҳолат бояд шумо ғусл кунед ва сипас намозатонро гузоред. Роҳи наҷоти шумо аз ин мушкил издивоҷ кардан ё рўза доштан аст.   

2018-03-22
5167
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42