Савол № 01694
Агар вақти намози аср масалан соати 16:50 бошад, гузоридани он дар соати 17:10 ё 17:20 дуруст аст ва аз вақти он ҳисоб мешавад? Оё намози пешинро соати 15:00 ё 16:00 гузоридан дар вақти он аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Агар вақти намози аср масалан соати 16:50 бошад, гузоридани он дар соати 17:10 ё 17:20 дуруст аст ва аз вақти он ҳисоб мешавад? Оё намози пешинро соати 15:00 ё 16:00 гузоридан дар вақти он аст?
Саволдиҳанда:Алишер
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳар намозе аввал ва охири вақт дорад, он намозро хоҳ дар аввал ва хоҳа дар охираш гузоред, дуруст мешавад. Барои огоҳ шудан аз аввал ва охири вақти ҳар намоз шумо метавонед ба бахши “Вақтҳои намоз”-и сомонаи Маркази исломӣ муроҷиат кунед, он ҷо вақтҳои намоз мушаххасан нишон дода шудааст.