Савол № 01696
Бародарам дар мактаб таҳсил мекунад. Ўро ҳар навъ ҷинҳо ба шакли мор шуда, дар хона ва мактаб метарсонанд. Пас аз дуохонӣ дар пеши муллоҳо ҳолаш хуб мешавад, лекин аз аввали баҳор беморияш боз хурўҷ мекунад. Ба мо тавсия медодед, ки ба кадом мулло муроҷиат кунем.
Савол:
Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Бародарам дар мактаб таҳсил мекунад. Ўро ҳар навъ ҷинҳо ба шакли мор шуда, дар хона ва мактаб метарсонанд. Пас аз дуохонӣ дар пеши муллоҳо ҳолаш хуб мешавад, лекин аз аввали баҳор беморияш боз хурўҷ мекунад. Ба мо тавсия медодед, ки ба кадом мулло муроҷиат кунем.
Саволдиҳанда:Бародар
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шумо метавонед ба ҳамон нафароне, ки қаблан ўро дуо хонда буданд ё ягон дуохони моҳир муроҷиат намоед, иншоаллоҳ беморатон шифо меёбад. Худованд ба бародари шумо аз хизонаи ғайбаш шифо ато фармояд.