Савол № 01703

Агар як миқдор маблағ дар дасти каси дигар қарз дода шуда, илова бар он миқдоре дар дасти худи шахс бошад, ки маҷмӯи он ба ҳадди нисоб мерасад, дар ин ҳолат закот додан лозим аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Агар як миқдор маблағ дар дасти каси дигар қарз дода шуда, илова бар он миқдоре дар дасти худи шахс бошад, ки маҷмӯи он ба ҳадди нисоб мерасад, дар ин ҳолат закот додан лозим аст ё на?

Саволдиҳанда:Рустам

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, агар шахси қарздор ба қарз эътироф дорад ва аз замони соҳибнисоб шудан як сол сипарӣ шуда бошад, закот додан воҷиб мешавад. (“Раддул-муҳтор”, ҷ. 2, с. 303; “Ал-баҳрур-роиқ”, ҷ. 2, с. 207)

2018-03-30
3911
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:04
Пешин12:40
Аср15:15
Шом17:13
Хуфтан18:43