Савол № 01705

Шаби меъроҷи Паёмбар (с) дар соли чандуми ҳиҷрӣ буд? 2. Се шахс ба сафар баромаданд, яке аз онҳо фавтид, дувумин ҷунуб шуд ва сеюмин, ки зан буд, аз ҳайз пок шуд. Ба кадоме аз инҳо (майит ё ҷунуб ва ё зан) ғусл кардан лозим аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Шаби меъроҷи Паёмбар (с) дар соли чандуми ҳиҷрӣ буд? 2. Се шахс ба сафар баромаданд, яке аз онҳо фавтид, дувумин ҷунуб шуд ва сеюмин, ки зан буд, аз ҳайз пок шуд. Ба кадоме аз инҳо (майит ё ҷунуб ва ё зан) ғусл кардан лозим аст?

Саволдиҳанда:Меҳрофарин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, дар мавриди таърихи меъроҷи Паёмбар (с) уламо назарҳои гуногун доранд. Баъзе уламо таърихи рӯйдоди меъроҷро шонздаҳ моҳ пеш аз ҳиҷрат, баъзе як солу ду моҳ пеш аз ҳиҷрат ва бархе дигар як сол қабл аз ҳиҷрат зикр кардаанд. (“Раҳиқул-махтум”, с. 202). 2. Дар сурати мазкур шахси ҷунуб бо об ғусл мекунад, аммо зан таяммум карда, майитро низ таяммум медиҳанд ва бар ӯ намози ҷаноза мегузоранд. 

2018-03-30
3283
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39