Савол № 01719
Ба ман як духтар маъқул аст ва мехоҳам бо ў оиладор шавам, аммо ў намоз намехонад, худам алҳамду лиллоҳ намоз мехонам. Оё ман бо ин духтар оиладор шуда метавонам?
Савол:
Ассалому алайкум. Ба ман як духтар маъқул аст ва мехоҳам бо ў оиладор шавам, аммо ў намоз намехонад, худам алҳамду лиллоҳ намоз мехонам. Оё ман бо ин духтар оиладор шуда метавонам?
Саволдиҳанда:Аслиддин
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, оиладор шудани шумо бо он духтар дуруст аст. Пас аз хонадор шудан ба ў аҳкоми намоз ва фоидаҳои онро аз нигоҳи динӣ ва ақлӣ таълим диҳед, умед аст, ки намозро ёд мегирад ва ба шумо низ аҷру подош мерасад.