Савол № 01724

1. Дар сари қабр кадом сура ва дуоҳо дар ҳаққи гузаштагон хонда мешавад? 2. Дар бадани ман ҷароҳати бисёр баромадааст, дар намоз кадом сура ё дуоро хонам, ки ба хости Худованд шифо ёбам?

Савол:

Ассалому алайкум. 1. Дар сари қабр кадом сура ва дуоҳо дар ҳаққи гузаштагон хонда мешавад? 2. Дар бадани ман ҷароҳати бисёр баромадааст, дар намоз кадом сура ё дуоро хонам, ки ба хости Худованд шифо ёбам?

Саволдиҳанда:Узайр 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, дар сари қабр ҳар сурае аз сураҳои Қуръонро хондан дуруст аст. 2. Барои ҷароҳатҳои баданатон сураи “Ғошия”-ро 21 бор ё ҳар сурае аз сураҳои Қуръонро хонда бар худ бидамед, иншоаллоҳ шифо меёбед, зеро ҳамаи Қуръон шифои зоҳирӣ ва ботинӣ аст. Худованд ба шумо шифои комил ва сиҳҳати оҷил ато фармояд.

2018-04-18
8179
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39