Савол № 01731

Устоди азиз. 1. Номҳои Давлаталӣ, Фаридун, Амирҷон, Манучеҳр чӣ маъно доранд? 2. Дар вақти намоз агар гурба ё дигар ҷонваре аз пеши намозгузор гузарад, оё намози ў фосид мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум устоди азиз. 1. Номҳои Давлаталӣ, Фаридун, Амирҷон, Манучеҳр чӣ маъно доранд? 2. Дар вақти намоз агар гурба ё дигар ҷонваре аз пеши намозгузор гузарад, оё намози ў фосид мешавад?

Саволдиҳанда:Давлаталӣ

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, номи Давлаталӣ аз калимаҳои “давлат” ва “алӣ” таркиб ёфтааст. Калимаи “давлат” ба маъноҳои некӣ, зафар, иқбол ва мол меояд. Калимаи “Алӣ” ба маънои баланд ва яке аз номҳои Худованд аст. Фаридун номи яке аз подшоҳони Форс аст. Номи Амирҷон аз калимаҳои “амир” ва “ҷон” таркиб шудааст. “Амир” ба маънои соҳиби амру фармон, подшоҳ ва ҳоким меояд. Калимаи “ҷон” ба маънои рўҳу равон аст ва маҷозан ба маънои гиромӣ ва азизу арҷманд истеъмол мешавад. Номи Манучеҳр шакли вайроншудаи Минучеҳр аст, ки аз калимаҳои “мину” ва “чеҳр” таркиб ёфтааст. “Мину” ба маънои биҳишт ва “чеҳр” ба маънои симо ва рўй аст, яъне биҳиштрўй. 2. Дар сурати гузаштани гурба ё ҷонвари дигар аз пеши намозгузор намоз фосид намешавад.

2018-04-27
4076
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39