Савол № 01742

Оё пас аз қазои ҳоҷат мустаҳаб нокарда вузў кунем ва намоз гузорем, намозамон дуруст мешавад?

Савол:

Ассалому алайкум устоди азиз. Оё пас аз қазои ҳоҷат мустаҳаб нокарда вузў кунем ва намоз гузорем, намозамон дуруст мешавад?

Саволдиҳанда: Сафар

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, пас аз қазои ҳоҷат агар наҷосат аз миқдори дирҳами шаръӣ бештар бошад, шустани андомҳои ниҳонӣ воҷиб мешавад, аз ин рў бояд мустаҳаб кунед. Агар аз ин миқдор кам бошад, шустанаш суннат аст. Дар сурати мавҷуд будани об иктифо кардан ба кулўх ё дигар ашёи поккунанда хилофи сафои табиати инсон мебошад, пас хуб аст, ки дар ҳар сурат мустаҳаб кунед.

2018-05-04
4770
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:03
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:12
Хуфтан18:42