Савол № 01753

Аз нигоҳи шариати Ислом номи Парвона гузоштан даруст аст ва ин ном чӣ маъно дорад?Агар дар хоб дандон биафтад, чӣ таъбир дорад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Аз нигоҳи шариати Ислом номи Парвона гузоштан даруст аст ва ин ном чӣ маъно дорад? 2. Агар дар хоб дандон биафтад, чӣ таъбир дорад?

Саволдиҳанда: Иброҳим

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, калимаи “парвона” дар асл як навъи ҳашарот аст, ки шабона дар гирди шамъ ё чароғ давр мезанад, маҷозан ба маънои муштоқ меояд. Аммо дар фарҳанги номгузорӣ ҳамчун ном истеъмол нашудааст. 2. Хоб эҳтимоли рост ё дурўғро дорад ва инсон хобҳои гуногун мебинад. Фарди мусулмон ҳар гоҳе хоб мебинад, бояд ба ояндаи худ некбин бошад ва аз Худованд хайру офият талаб намояд. Шумо аз хоби дидаатон ошуфтахотир нашавед, иншоаллоҳ хайр ва нек аст.

2018-05-05
4430
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39