Савол № 01757
Имрўз муллоҳои бесаводи салафӣ бе доштани ҳеҷ илме аз пеши худашон ҳадисҳоро носаҳеҳ мегўянд, бе он ки аз илми...
Савол:
Инсон чӣ илмеро дошта бошад, ки ҳадиси саҳеҳро аз носаҳеҳ ва заиф ҷудо кунад? Имрўз муллоҳои бесаводи салафӣ бе доштани ҳеҷ илме аз пеши худашон ҳадисҳоро носаҳеҳ мегўянд, бе он ки аз илми таъриху фалсафа, сарфу наҳву луғат, фиқҳу тафсир, услубшиносӣ, ҷуғрофия, сиёсат ва даҳҳо илми дигар, ки замону макон ва шароити ҳадисро мешиносад, огоҳӣ дошта бошанд. Оё дар Тоҷикистон олиме ҳаст, ки ин илмҳоро донад? Агар олиме ҳаст, номашро гўед. Ташаккур.
Саволдиҳанда: Абдуқодир
Ҷавоб:
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, шинохти ҳадиси саҳеҳ аз ғайри он вазифаи фанни “Мусталаҳи ҳадис” буда, бе омўхтани ин фан ташхиси навъҳои ҳадис мушкил аст. Дар фанни ҳадисшиносӣ китобҳои зиёде навишта шудаанд ва шумо метавонед аз ин китобҳо дар бораи навъҳои ҳадис ва дараҷаҳои он маълумот ба даст оред. Албатта дар кишварамон мутахассисони ҳадис вуҷуд доранд ва дар Донишкадаи исломӣ ба тадриси ин фан машғул мебошанд.