Савол № 01758
Никоҳ бо занони аҳли китоб чигуна сурат мегирад? Масалан духтар барои ҳамхоба шудан розӣ аст, дар ин ҳолат чӣ бояд кард, то ки зино нашавад?
Савол:
Ассалому алайкум. Никоҳ бо занони аҳли китоб чигуна сурат мегирад? Масалан духтар барои ҳамхоба шудан розӣ аст, дар ин ҳолат чӣ бояд кард, то ки зино нашавад?
Саволдиҳанда: Мартин
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, никоҳи аҳли китоб низ монанди никоҳи мусулмонӣ аст, яъне дар ҳузури шоҳидон бо иҷобу қабул аз ҷониби марду зан сурат мегирад. Барои эмин мондан аз хатари зино беҳтар аст, ки рўза доред ва зикру истиғфор кунед.