Савол № 01775
Аз рӯи нодонӣ ба хотири оиладор шудан бо духтаре ишқварзӣ кунӣ, вале дар охир писандат наояд, чӣ кор бояд кард?
Савол:
Устоди азиз. Аз рӯи нодонӣ ба хотири оиладор шудан бо духтаре ишқварзӣ кунӣ, вале дар охир писандат наояд, чӣ кор бояд кард?
Саволдиҳанда: Зокирҷон
Ҷавоб:
Ассалому алайкум. Бародари азиз, аз рӯи шариат ишқварзӣ бо духтари номаҳрам қатъан дуруст нест. Агар бо ӯ нияти оиладор шудан дошта бошад, бо роҳи шаръӣ, яъне фиристодани хостгор, ризояти волидон ва сарпарастон, пардохти маҳр ва баргузор намудани тӯйи никоҳӣ издивоҷ кунад.