Савол № 01779

1 Барои бартараф кардани дарди сар кадом сура, оят ё дуо хонда мешавад? 2. Тарҷумаи тоҷикии Қуръонро бе таҳорат ё дар ҳолати каҷпаҳлу хондан ҷоиз аст?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Барои бартараф кардани дарди сар кадом сура, оят ё дуо хонда мешавад? 2. Тарҷумаи тоҷикии Қуръонро бе таҳорат ё дар ҳолати каҷпаҳлу хондан ҷоиз аст? 3. Гӯш кардани мусиқӣ ҷоиз аст ё на? 4. Ин ривоят дуруст аст, ки Паёмбар (с) ҳангоми ба гӯшашон расидани мусиқӣ ангуштони мубораки худро ба гӯшҳояшон мегузоштанд?

Саволдиҳанда: Баҳром

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Бародари азиз, барои бартараф шудани дарди сар кадом ояте аз оятҳои қуръониро, ки мехоҳед, бихонед, сабаби шифои шумо хоҳад буд. Махсусан хондани “Оятул-Курсӣ”, сураҳои “Фотиҳа”, “Кофирун”, “Ихлос”, “Фалақ” ва “Нос”барои ҳар дарде шифо аст. 2. Бидуни таҳорат даст расонидан ба Қуръон ҷоиз нест, аммо аз ёд хондани он бе таҳорат раво аст. Хондани Қуръон дар ҳолати каҷпаҳлу агарчи ҷоиз аст, вале хуб нест. 3. Гӯш кардани мусиқиҳои шаҳватангез ҷоиз нест. 4. Дуруст аст, ки Расули Худо (с) мусиқӣ гӯш намекарданд.

2018-05-25
5542
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39