Савол № 01783

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Оё ҷин вориди ҷисми инсон шуда метавонад? 2. Оё ҳақиқат дорад, ки Имоми Аъзам (р) Худовандро сад бор дар хобашон дидаанд? 3. Саг дар хоб чӣ таъбир дорад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. 1. Оё ҷин вориди ҷисми инсон шуда метавонад? 2. Оё ҳақиқат дорад, ки Имоми Аъзам (р) Худовандро сад бор дар хобашон дидаанд? 3. Саг дар хоб чӣ таъбир дорад?

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, касе наметавонад, ки дохилшавии ҷинро ба ҷисми инсон инкор кунад, зеро оятҳои Қуръон ва ҳадисҳои Пайғамбар (с) ин ҳолатро собит месозанд. Ҷин мисли ҳаво ва бод аст ва ҳар гоҳ фурсати муносиб ёбад, метавонад дохили ҷисм гардад. Яке аз донишмандони муосир мегӯяд: «Ҷинҳо ҷисмҳои латиф ҳастанд ва монанди ҳаво бе ягон мушкилӣ дар ҷисми инсон ворид мегарданд, ба монанди қувваи барқ, ки ба симҳо дохил мешавад». 2. Дар баъзе китобҳои тарҷумаҳолӣ оиди маноқиби Имоми Аъзам (р) омадааст, ки эшон Худовандро сад бор дар хоб дидаанд. Дидани Худованд дар хоб бо қалб аст, на бо чашм ва уламо дар ин бора ихтилофи назар доранд. 3.Дидани саг дар хоб ба посбонӣ ва вафодорӣ таъбир мешавад, дидани саги шикорӣ нишонаи иззату арҷмандӣ ва ризқ аст.

2018-05-25
4536
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:40
Пешин12:40
Аср15:14
Шом17:09
Хуфтан18:39