Савол № 01784

Маънои ҳаҷ чист ва далели фарз будани он чист?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Маънои ҳаҷ чист ва далели фарз будани он чист?

Саволдиҳанда: Ислом

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, ҳаҷ дар истилоҳи шариат ба маънои қасди махсус дар вақти махсус ба макони махсус аст. Ҳаҷ бо ояти Қуръон, ҳадиси набавӣ ва иҷмои уммат фарз шудааст. Далели фарзияти он аз Қуръон ин оят аст, ки Худованд мефармояд: «Ва ҳаҷҷи ин хона фаризаи илоҳӣ аст бар касоне, ки тавоноӣ(и молӣ ва баданӣ) барои рафтан ба он ҷоро доранд».(“Оли Имрон”, 97) Далел аз суннати набавӣ ин ҳадиси Пайғомбар (с) аст, ки фармудаанд:

«Эй мардум! Ҳаҷ бар шумо фарз шудааст, ҳаҷ кунед».(Ривояти Муслим) Дар ривояти дигаре фармудаанд: «Касе барои Худо ҳаҷ намояд ва дар (рафти баргузории) он шаҳватпарастӣ ва фисқ наварзад, аз ҳаҷ ба монанди он рӯзе бармегардад, ки модараш нав ӯро зодааст». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим) Далели субути ҳаҷ бо иҷмоъ ин аст, ки уммати исломӣ аз замони Пайғомбар (с) то кунун бар фарзияти ҳаҷ иттифоқ доранд ва касе онро хилоф накардааст.

2018-05-25
5178
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:49
Пешин12:40
Аср17:27
Шом19:26
Хуфтан20:57